Ҷиргатол: Дастгирии соҳибкорон барои ташкили ҷойҳои корӣ
Ҷиргатол, 17.09.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Дар соли равон ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Ҷиргатол 458 шаҳрванд ба ҳайси корҷўй муроҷиат намуд, ки 99 нафараш зан аст.
Баҳри дастгирии соҳибкорӣ ва расонидани кумаки молиявӣ, инчунин бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши ба соҳибкорӣ машғул шуданро доранд, аз ҳисоби маблағҳои дар гардишбудаи шуъбаи Агентии ноҳия ба 42 шаҳрванд- 10 зан ва 7 ҷавон кумаки молиявӣ ҳамчун қарзи имтиёзнок расонида шуд.
Шуъбаи Агентии мазкур ба касбомўзӣ ва бозомўзии сокинони ноҳия диққати ҷиддӣ медиҳад. Дар ин давра дар Филиали МД «Маркази таълимии калонсонон»-и ноҳияи Тоҷикобод дар асоси шартномаҳои тарафайн 121 нафар дар 4 гурўҳ ба курси кӯтоҳмуддат бо ихтисоси «Кафшергари барқӣ» фаро гирифта шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






