Ироқ: ДИ зиёда аз 120 ҷангияшро ба қатл расонд
Душанбе, 01.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар музофоти Найнавои Ироқ ДИ зиёда аз 120 ҷангияшро ба қатл расонд. Дар ин бора шабакаи телевизиони «Al-Sumaria» иттилоъ медиҳад.
Ин ҷангиёнро барои кӯшиши табаддулот кардан ва бартарафсозии роҳбари ДИ Абубакр Ал-Бағдодӣ айбдор намуданд.
Табаддулот бояд рӯзи якшанбе, 30-юми август сурат мегирифт, вале ду рӯз пеш аз ин панҷ ҷангии боздоштшуда нақшаҳои ҳаммаслаконашонро ифшо карданд, ки дар натиҷа, ДИ 122 ҷангӣ, аз ҷумла 18 қумандони саҳроиро дар зиндони ҷануби Мосул тирборон кард.
Парокандагӣ дар сафи ДИ рӯз то рӯз ошкор шуда истодааст. То имрӯз даҳҳо ҷангиён ин гурӯҳи ифротӣ дар мубориза барои пул, қудрат ва нуфуз ҳалок шудаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






