Иштироки беш аз 40 ширкати чиноӣ дар намоишгоҳ

Сентябрь 17, 2015 10:13

      
Душанбе, 17.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Беш аз 40 ширкати чиноӣ 17 сентябр маҳсулоти тавлидотии худро дар намоишгоҳи навбатии молҳои содиротии «Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғури Чин- Тоҷикистон-2015», ки дар «Кохи Борбад»-и Душанбе баргузор гардид, ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.  Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Шариф Саид -раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Саидраҳмон Назриев-муовини аввали вазири  рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, сардори Департаменти тиҷорати Хукумати Халқии Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғури /НМШУ/ Чин  Ся Гуантай, ноиби волии ноҳияи Оқсӯйи НМШУ Муталиб Розӣ, намояндагони  Сафорати Чин дар Тоҷикистон ширкат намуда, доир ба таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии ду кишвари  ҳамҷавор сухан карданд.        Дар намоишгоҳ мошинолот, маҳсулоти сохтмонӣ, техникаи кишоварзӣ, фурӯзонакҳои каммасраф, маҳсулоти хӯрокӣ, либос, пойафзол, маҳсулоти нассоҷӣ, маҳсулоти ҳунармандӣ,  маводи шустушӯӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум ба намоиш гузошта шуда буд. Интизор меравад, ки дар доираи баргузории намоишгоҳ ҳамоиши доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Чин доир гардида, дар он масоили  марбут ба таҳкими ҳамкории  иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвари ҳамҷавор баррасӣ гарданд. Намоишгоҳ то 19 сентябр идома меёбад.

 

 

Сентябрь 17, 2015 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд