Изҳороти донишҷуёни тоҷики Ҷумҳурии Қирғизистон
Душанбе, 16.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Истиқлолиятро яке аз неъматҳои бебаҳои Худованд ба мардуми сарбаланди тоҷик медонанд. Зеро Истиқлолияти давлатӣ барои ин миллат ба осонӣ ба даст наомада, чандин нафар фарзандони фарзонаи миллат ҷоннисорӣ карданду баҳри мустаҳкам намудани арзишҳои миллӣ муборизаи беамон бурданд. Ин талош баҳри он равона гардида буд, ки насли ояндаи мо дар шароити демокративу хуқуқбунёд умр ба сар баранд ва ба ин муваффақ ҳам шуданд. Мо ҷавонони огоҳи Ватан ин шаҳидони роҳи озодиро бо некӣ ёд мекунем ва руҳашонро шодбош мегӯем.
Ҳодисаи охире, ки дар ҷумҳурӣ рӯзи 4-уми сентябри соли равон аз ҷониби чанд хоини Ватан ба вуқуъ пайваст, тамоми мардуми бедордили Тоҷикистони азизро чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар дар ташвиш гузошт. Онҳо амнияти минтақаро халалдор карда, ба оромии ҳаёти мардум зиён расондан мехостанд.
Ин миллат соҳиб дорад ва онро ном аст мардуми шарифи Точикистон. Сад шукр, ки ба ин ҳадафи нопокашон нарасиданд ва бадхоҳони миллат ҳеҷ гоҳ комёб нахоҳанд шуд, чи тавре ки шоир мегуяд:
Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд,
Дунё ҳамеша дар талаби марди қобил аст.
Мо донишҷуёни тоҷики Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳама гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ва экстремистӣ иброз медорем, ки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии Тоҷикистони азизамонро ҳеҷ нерӯи бадхоҳе наметавонад аз байн барад. Аз ин рў, ин ҳаводисро маҳкум намуда, ба мардуми сарбаланди тоҷик, махсусан ба ҷавонон муроҷиат карда, иброз медорем, ки ба ҳар гуна иғвову дасиса фирефта нашуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳиссагузори ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз бошанд.
Бо арзи эҳтиром,
Гуруҳи зиёда аз 420 нафар донишҷӯёни тоҷик
аз Ҷумҳурии Қирғизистон








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






