Изҳороти гурӯҳе аз занони кишвар оид ба ҳодисаҳои нохуши охир
Душанбе, 10.09.2015(АМИТ «Ховар»). — Гурӯҳе аз занони кишвар ҳодисаҳои рӯзи 4-уми сентябрро маҳкум карда, изҳор доштаанд, ки ин амалҳои хиёнаткорона занону модаронро, нигарон кардааст.
Тавре дар изҳороташон омадааст, ғамгину озурда аз онем, ки аз нохалафии фарзанде риштаи ҷони якчанд нафар ҷавонон канда гашта, боз дар якчанд хона фиғони модару хоҳар ва ҳамсару фарзандони ятиммонда синаи фалакро чок кард.
Нафрати модарон бод бар оне, ки симои манфуронаи худро ба ҳамагон ошкор карда, дар як лаҳза носипосию нохалафӣ ва хиёнаташ осудагии якчанд оиларо халалдор ва хотири ҷамъи ҷомеаро парешон намуд. Таърих намебахшад хиёнати шахсонеро, ки аз боварӣ ва эътимоди давлату Ҳукумат ва мардум суйиистифода мекунанд. Бо амалҳои ифротгароёнаю ноҷавонмардона ва хиёнаткорона боз мехоҳанд ин фазои орому осударо халалдор созанд. Бо ин амал сари модару хоҳар ва меҳани худро паст мекунанд. Нобахшиданист шири модар ба чунин хиёнаткорон!
Мо, модарон, ин амалро шадидан маҳкум намуда, аз тамоми модарони тоҷик даъват менамоем, ки овози худро ба муқобили ин фурӯхташудагон баланд карда, фарзандони худро аз ин амалҳо дур ва хонадону оилаи худро эҳтиёт намоем.
Бо нидои модарона ба фарзандони бонангу номус муроҷиат карда гуфтанием, ки биёед, ҳамрозу ҳамнафаси якдигар бошем, то занги андӯҳу нокомиҳоро рабоем, гиреҳи сарбастаи фиребро бо чашми ақл боз кунем, талош баҳри зиндагии арзандаю созанда намоем, вориси сазовори ин сарзамину ин миллат бошем!
Пешвои миллат талоши хушрӯзию хушбахтии моро дорад. Ин ҳама меҳрубониҳо, ин ҳама лутфу вафо тавлиди нуру зиёест, ки аз қалби пур аз меҳру садоқат ба ин хоку ба ин диёр, ки номаш Тоҷикистон аст, арзонӣ доштааст. Пас, биёед, нигаҳбони ин тинҷию осудагӣ ва баракату нишот дар якҷоягӣ бошем!-омадааст дар изҳороти гурӯҳи модарони тоҷик.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






