Изҳороти Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Душанбе, 07.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон амали террористие, ки 4-уми сентябри соли равон дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат аз тарафи ҷонибдорони собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода ба вуқўъ пайваст, шадидан маҳкум мекунад. Чунин амалҳои тахрибкорона шаҳодат медиҳанд, ки гурўҳҳои террористӣ мехоҳанд сулҳу субот ва амниятро, ки саодат, шукуфоӣ ва пешрафти миллат ба онҳо бастагӣ дорад, халалдор созанд. Онҳо рушду пешрафт ва ободии кишвари соҳибистиқлоламонро нодида гирифта, ба ҳар васила мехоҳанд мақсаду ниятҳои нопоку муғризонаашонро пиёда кунанд, аммо мардуми огоҳу бедори тоҷик, ки рўзҳои сахтро аз сар гузаронидааст, ҳаргиз фирефтаи амалҳои сўзандаи онҳо намегардад, ба қадри сулҳу ваҳдат мерасад ва ҳамеша оромию осудагӣ ва сиёсати сулҳовару созандаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ мекунад.
Зиёиёни мамлакат ҳамеша сулҳро бар ҷанг ва озодию истиқлолро бар истеъмор тарҷеҳ медиҳанд ва дар партави ваҳдату истиқлоли давлатӣ пайи густариши маънавиёти миллат камар мебанданд.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба пайвандони онҳое, ки қурбони ин амали террористӣ шуданд, ҳамдардӣ изҳор мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






