Изҳороти Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Душанбе, 06.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Раёсати Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ба Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат, инчунин дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун ҷинояти ваҳшатангез ва амали террористӣ маҳкум менамояд. Терроризм маҳал, миллат, мазҳабу макон надорад. Ҳамзамон бо масъулияти том ва қотеона аз сохторҳои қудратии кишвар таҳқиқ ва тафтиши ин амали зиштро тақозо менамояд. Бояд тазаккур дод, ки ин амали нангин дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва авҷи созандагию бунёдкории халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ обрӯ, мақом, шӯҳрати ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ коста намекунад. Имрӯз ба иқтидори ҳарбӣ, тавоноии мудофиавӣ, ҷасорату матонати сохторҳои қудратӣ дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва гуруҳҳои ҷиноятпеша бо сарварии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон шаку шубҳа нест. Ҳамлаи ноҷавонмардонаи террористии як гуруҳи ҷинояткор ҳеҷ гоҳ фазои ором, сулҳу субот, ваҳдати кулли шикастнопазири моро халалдор карда наметавонад. Дар баробари маҳкуми ин амал, мо аз ҳамкасбони гиромӣ, ҳамаи кормандони васоити ахбори умум эҳтиромона тақозо мекунем, ки дар инъикоси ин амалҳои ҷиноӣ ба эҳсосот, муъҷизасозӣ дода нашаванд. Дар чунин ҳолат манфиати миллӣ ва ватанпарастӣ аз манфиати гурӯҳӣ, шахсӣ садҳо бор болотар аст.
Ба замми ин, мо инъикоси ин ҳодисаҳои ҷиноиро аз ҷониби як идда расонаҳои иғвоангези хориҷӣ, иғвогарони зархариди хориҷи кишварро чун терроризми иттиллотӣ, «Ҷанги иттиллоттӣ»-и ноҷавонмардона ва хиёнат ба Ватан арзёбӣ мекунем.
Раёсати Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон,
шаҳри Душанбе, 5 сентябри соли 2015








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






