Ҳизби наҳзат вазъи сиёсии ҷомеаро зери хатар мегузорад
Душанбе, 18.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи таҳлили воқеаҳои охири Тоҷикистон ва маводи ВАО ба хулоса омадам, ки дар ҳақиқат Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ноором сохтани фазои сиёсии Тоҷикистон даст дошта, фаъолияти минбаъдаи намояндагони он ҳамчун ҳизби сиёсӣ зери суол қарор мегирад. Дар айни замон барои Тоҷикистон аз ҳама муҳим ваҳдати миллӣ ва осоиштагии ҳаёти мардум мебошад ва ҳар қуввае, ки бо мақсадҳои ғаразнок фазои осоиштаро халалдор гардонидан мехоҳад, бояд пешгирӣ шуда, гунаҳгорон ҷазои сазовор бинанд. ҲНИТ дар давоми фаъолияти худ, махсусан, дар давраи соҳибистиқлолии кишвари азизамон на танҳо барои рушди иқтисодиёт, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва равнақи фарҳанг ҳиссагузор набуд, балки барои пешрафти соҳаҳои номбурда садди роҳ шуд. Далели гуфтаҳои болоӣ ин аст, ки ҳизби номбурда аз баъзе мушкилоти дар ҷумҳурӣ ҷойдошта истифода карда, бисёре аз ҷавонҳоро, махсусан дар деҳот бо роҳҳои гуногун ба сафи худ ҷалб намуда, вазъи сиёсии ҷомеаро зери хатар мегузошт. Воқеаҳои моҳи сентябри соли равон, ки сулҳу суботи ҷомеаро зери хатар монданд, гувоҳи ин гуфтаҳост. Аз ин рӯ, изҳороти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди қатъ гардидани фаъолияти ҲНИТ пурра дастгирӣ менамоям.
Узви вобастаи Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Шоисматуллоев








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






