Кӯкнор-2015 зиёда аз 11 ҳазор бех ниҳоли бангро нобуд кард
Душанбе, 28.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар доираи амалиёти Кӯкнор-2015 дар вилояти Суғд зиёда аз 11 ҳазор бех ниҳоли банги худрӯй нобуд карда шуд.
Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар доираи марҳилаи дуюми амалиёти Кӯкнор-2015 дар канори роҳи ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б. Ғафуров 11 ҳазору 543 бех ниҳоли банги худрӯйро ошкор намуданд.
Дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти салоҳиятдор ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ниҳолҳои ошкоршуда бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






