Кӯлоб: Беморхонаи сироятӣ навсозӣ мешавад
Кӯлоб, 14.09.2015 (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов)- Дар соли равон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои таъмири асосӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб бо таҷҳизоти зарурӣ 239 ҳазору 600 сомонӣ ҷудо намуд ва бо сарфи ин маблағ як қисми беморхона таъмир шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таъмири қисмати дигари беморхонаро то охири соли равон ба нақша гирифтааст.
Тавре ки Маҳмадназар Талбаков, сардухтури беморхона иттилоъ дод, дар айни замон дар беморхонаи мазкур сокинони ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба табобат фаро гирифта шудаанд. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба беморхона таҷҳизоти муосири соҳавӣ дастрас шуданд, ки бемориҳои сироятиро дар муҳлати кутоҳ ташхис карда, ба табобати саривақтии беморон мусоидат менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






