Кӯмаки навбатӣ ба осебдидагони офати табиии вилояти Бадахшон
Шуғнон 03. 09. 2015 (АМИТ «Ховар», Файз Мирҳасан). — Бахши вилоятии Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Тоҷикистон ба 43 хонаводаи деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон, ки алъон дар шаҳрчаи хаймавӣ иқомат доранд, маводи ғизоӣ кӯмак кард.
Раҳбари ҷамъияти мазкур Тоҷиниссо Мамадинова гуфт, ки аз рӯзи аввали офат мо ҳафтае як маротиба аз ҳоли осебдидагон хабар гирифта, ба онҳо кумакҳои равониву моддӣ мерасонем.
— Бо кӯмаки аъзоени ҷамъият барои кӯдакони шаҳрча либосҳои зимистона ҷамъ намуда, дар ҳафтаи оянда ба онҳо тақдим менамоем. Барои хонандагони мактаби ибтидоӣ се хайма муҷаҳҳаз бо асбобу анҷоми таълимӣ таъсис дода шудааст, ки толибилмон дар он дарс мехонанд, афзуд ӯ.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






