Китоби нав
Душанде, 04.09.2015.(АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф). «Ахтари беғуруб», чунин ном дорад китоби нави рӯзноманигор ва нависандаи варзида Маҳмадалӣ Бахтиёров, ки дар нашриёти «Ашӯриён» нашр гардид. Китоб ба фаъолияти арбоби давлатӣ, марди поктинату хирадманд, роҳбари боэътимод, собиқ ҷонишини раиси шӯрои комиссарони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хӯҷам Шодмонов бахшида шуда, тарафҳои номаълуми ҳаёту фаъолияти номбурдаро ифшо гардонидааст. Хонанда бо мушкилоти сохтмони шӯравӣ ва созандакориҳо дар бунёди сохтмони роҳи калони Помир шинос хоҳад шуд.
Муаллифи китоб Маҳмадалӣ Бахтиёров асарҳои «Рӯшон — диёри Равшандилон», «Фарзона фарзанди асил», «Таърихи Рӯшон» ва ғайраро бо заҳмати хеле зиёд дар натиҷаи ҷустуҷӯйҳои пайвастаи эҷодкорона ба дасти хонандагон расонидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






