Кумак ба маъюбони шаҳри Кӯлоб дар арафаи ҷашни Истиқлол

Сентябрь 7, 2015 10:03

Кӯлоб,  07.09.2015 (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов).- Дар арафаи ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 11 нафар маъюбони шаҳри Кӯлоб аз ҷониби ҳокимияти маҳаллӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд.
Раиси шаҳри Кӯлоб аробачаҳои маъюбиро супорида, ин табақаи аҳолиро аз номи роҳбарияти олии кишвар ва ҳукумати шаҳри Кӯлоб бо ҷашни 24-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
 Ёдрас мешавем, ки шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамеша аз ҳоли маъюбон огаҳӣ дошта, ба онҳо кумак мерасонад. Дар айни замон дар шаҳр маркази будубоши кӯдакони маюб ва шуъбаи ёрии иҷтимоӣ амал мекунанд, ки ба кӯдакони маюб ва пирони танҳою барҷомонда хизматрасонӣ менамоянд.

 

Сентябрь 7, 2015 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд