Кумак ба маъюбони шаҳри Кӯлоб дар арафаи ҷашни Истиқлол
Кӯлоб, 07.09.2015 (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов).- Дар арафаи ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 11 нафар маъюбони шаҳри Кӯлоб аз ҷониби ҳокимияти маҳаллӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд.
Раиси шаҳри Кӯлоб аробачаҳои маъюбиро супорида, ин табақаи аҳолиро аз номи роҳбарияти олии кишвар ва ҳукумати шаҳри Кӯлоб бо ҷашни 24-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Ёдрас мешавем, ки шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамеша аз ҳоли маъюбон огаҳӣ дошта, ба онҳо кумак мерасонад. Дар айни замон дар шаҳр маркази будубоши кӯдакони маюб ва шуъбаи ёрии иҷтимоӣ амал мекунанд, ки ба кӯдакони маюб ва пирони танҳою барҷомонда хизматрасонӣ менамоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






