Кумаки ДДХ ба 66 донишҷӯи ятиму маъюб
Душанбе, 23.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ва кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ дар тарабхонаи «Ленинобод»-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов бо донишҷӯёни ятиму маъюб доир гардид.
Анвар Мақсудов гуфт, ки Иди Қурбон таҷассумкунандаи арзишҳои фарҳанги инсондӯстиву инсонпарварӣ буда, бахусус силаву навозиши ятимону бепараcторон, аёдату табрики хешу ақрабо, беморону пиронсолон, зиёрати марқад ва поси хотири гузаштагон, изҳори ҳамдардӣ кардан ба азодорон ва муҳимтар аз ҳама, хайру эҳсон намудан ба дармондагону ниёзмандон ва шахсони камбизоат аз фазилатҳои неки он маҳсуб мешавад.
Дар ҷамъомад ба 66 донишҷӯи ятиму маъюб туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ тақдим гардид. Мавриди зикр аст, ки ин кумаки аввалини раёсати донишгоҳ ба ин табақа набуда, фақат дар соли 2015 ба ҳар кадоме беш аз 1000 сомонӣ кумаки пулӣ низ расонида шуд.
Дар ин рӯз раёсати донишгоҳ таҳти роҳбарии Анвар Мақсудов аз оилаи Рашидовҳо, воқеъ дар ҷамоати Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар ин хонаводаи осебпазир 14 шахси ашхоси маъюб зиндагӣ мекунанд, боздид ба амал оварда, ба онҳо маҳсулоти аввалияи рӯзгор, аз қабили орду биринҷ, шакару равған, гӯшту пиёз ва дигар анвои хӯрданиро ба миқдори зарурӣ дастрас намуданд.
Хонаводаи мазкур ин иқдоми раёсати донишгоҳро нек пазируфта, барои пешрафти хониши хубу аълои донишҷӯён ва фаъолияти илмии пурсамари устодон комёбиҳо таманно намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






