Курсҳои омӯзишӣ барои соҳибкорзанони кишвар
Хуҷанд, 11.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Иттифоқи занҳои соҳибкори Латвия дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон (ИМЗСТ) омӯзишҳоро дар мавзўи «Ҳавасмандгардонӣ» барои занҳо ташкил намуданд. Курсҳои мазкур бо соҳибкорзанон дар минтақаҳои гуногуни кишвар баргузор мешаванд.
Дар айни замон курсҳои омӯзишӣ дар минтақаи вилояти Суғд ҷараён доранд, ки мақсади онҳо ҳавасмандгардонии занҳо ба оғози тиҷорати худ ва рушди хизматрасониҳои нави ИМЗСТ барои занҳои соҳибкор мебошад.
Ёдрас мешавем, ки омӯзишҳо қисме аз лоиҳаи «Васеъгардонии ҳуқуқу имкониятҳои иқтисодии занҳои Тоҷикистон (TWEET)» мебошанд, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи «Барномаи сармоягузории Осиёи Марказӣ» маблағгузорӣ мегарданд. Лоиҳа ба беҳтар гардонидани фазои тиҷорат, барои ташкил ва амалӣ намудани соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон, ки аз тарафи занҳо роҳбарӣ карда мешаванд, равона шудааст. Буҷаи умумии лоиҳа 428,000 евро буда, аз он 364,225 евро аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






