Маҳв шудани шахси дуюми гурӯҳи «Давлати исломӣ» тасдиқ шуд
Душанбе, 25.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Кохи сафед» маълумот дар бораи марги яке аз муовинони асосии роҳбари гурӯҳи ифротгарои ба ном «Давлати исломӣ»- Ҳоҷӣ Мутозро тасдиқ кард.
Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, Ҳоҷӣ Мутоз шахси дуюм дар гурӯҳи «Давлати исломӣ» буда, зимни амалиёти ҳарбӣ бо истифода аз неруҳои ҳавоии эътилоф дар моҳи августи соли равон маҳв карда шудааст.
Ҳоҷӣ Мутоз дар ин гурӯҳи ифротгаро масъалаҳои молиро бар дӯш дошта, яке аз муовинони асосии роҳбари гурӯҳ Абӯбакр ал-Бағдодӣ маҳсуб мешуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






