Маҳви 100 ҷангии «Толибон» дар Афғонистон
Душанбе, 12.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар доираи амалиёти густурдаи низомӣ барои поксозии минтақаҳои Афғонистон аз ифротгароёну террористон тайи 2 рӯзи охир қариб 100 ҷангии узви ҳаракати «Толибон» мавҳ карда шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Афғонистон иттилоъ медиҳад.
Ин амалиёт дар 34 шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ин кишвар сурат гирифта, 76 силоҳбадаст низ маҷруҳ ва чанд тани дигар дастгир гардиданд.
Дар натиҷаи амалиёти мазкур аз қароргоҳи силоҳбадастон ба миқдори зиёд аслиҳа, таҷҳизоти тарканда ва дигар муҳиммоти ҷангӣ дарёфту мусодира шуд.
Ёдовар мешавем, ки аз нимаи дуюми моҳи июли соли равон амалиёти густурдаи поксозии неруҳои Афғонистон дар тамоми манотиқи ин кишвар оғоз гардида, дар натиҷаи он садҳои силоҳбадастони ифротӣ нобуд карда шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






