Маҳви 160 ҷангии «Толибон» дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ дар Қундуз
Душанбе, 30.90.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар натиҷаи зарбаҳои қӯшунҳои ҳавоии хориҷӣ дар ҳудуди вилояти Қундузи Афғонистон қариб 160 ҷангии «Толибон» маҳв карда шуд. Дар ин бора намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ хабар медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи душанбе шаҳри Қундуз, ки маркази маъмурии вилояти Қундуз аст, аз ҷониби ҷангиёни «Толибон» тасарруф шуд. Дар пайи ин ҳодиса, неруҳои Афғонистон амалиёти поксозиро оғоз намуданд, ки ба он қӯшунҳои хориҷӣ низ шомил шуданд. Дастгирии ҳавоӣ имкон дод, ки ҷангиёни зиёди «Толибон» нобуд карда шаванд, вале задухӯрди мусаллаҳона то ҳол идома дорад.
Чанде қабл толибон кӯшиш намуданд, ки фурудгоҳи маҳаллиро зери тасарруф дароранд, вале ба зарбаи шадиди қувваҳои ҳукуматӣ рӯ ба рӯ омада, ақибнишинӣ карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






