Маҳви 70 ҷангии толибон дар музофоти Лоғари Афғонистон

Сентябрь 8, 2015 02:38

Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – Чанде қабл дар музофоти Лоғари Афғонистон амалиёти густурдаи поксозӣ оғоз гардид, ки зимни он дар 3 рӯзи охир 70 ҷангии толибон маҳв карда шуд.
Бино ба иттилои хабаргузории «Пажвок», амалиёти низомӣ дар ноҳияи Муҳаммад Оғои музофот гузаронида шуд. Дар натиҷа 70 ҷангӣ ва як қумандони маъруфтарини толибон бо номи қорӣ Бурҳон маҳв гардиданд. Ин қумандон масъулияти ташкили ҳамла ба кормандони мақомоти давлатӣ ва аҳолии осоиштаро бар дӯш гирифта буд. 
Ҳамчунин дар ҷараёни ин амалиёт аз ҷангиён аслиҳа, маводи тарканда ва бомбаҳои худсохт мусодира карда шуд.

Сентябрь 8, 2015 02:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд