Маҳви 78 ҷангии толибон дар манотиқи гуногуни Афғонистон
Душанбе, 03.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – Дар рафти амалиёти поксозӣ, ки аз ҷониби нерӯҳои миллии Афғонистон дар якчанд музофот гузаронида шуд, 78 ҷангии Толибон маҳв гардиданд.
Бино ба иттилои хабаргузории «Хома пресс», амалиёти поксозӣ дар манотиқи гуногуни музофотҳои Лоғар, Қундуз, Сари Пул, Бағлон, Форёб, Урузғон, Дайкундӣ, Қандаҳор, Зобул ва Ҳилманд сурат гирифт. Дар натиҷа 78 ҷангии толибон, аз ҷумла як қумандон кушта шуданд.
Инчунин 36 ҷангӣ ҷароҳат бардошта, 2 тани дигар дастгир гардиданд. Миқдори зиёди яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ низ дарёб ва мусодира карда шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






