Мактаби нав дар Навбаҳор
Душанбе, 16.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар маҳаллаи «Сардоб»-и ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода мактаби нави таҳсилоти умумии № 2 ифтитоҳ ёфт. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ 8 синфхона барои 240 хонанда ва як ҳуҷраи корӣ ба истифода дода шуд.
Зимни вохӯрӣ бо аҳли деҳа ва хонандагони мактаби навбунёд Назира Ғаффорӣ ҳозиринро ба муносибати кушодашавии мактаби нав табрик намуда, туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят — 4 компютер, як принтер, 8 номгӯй асбоби мусиқӣ, 2 дастгоҳи атласу адрасбофӣ, 2 дастгоҳи қолинбофӣ ва 2 мошинаи дарздӯзиро супорид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






