Маркази нав барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Хоруғ
Хоруғ, 22.05.2015. (АМИТ «Ховар», Файз Мирҳасан).- Дар назди Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи вилояти Бадахшон Маркази захиравӣ оид ба таҳсилоти босифати фарогир кушода шуд.
Марказ барои таълиму тарбияи кӯдакони имконияташон маҳдуд пешбинӣ шуда, бо кумаки Хазинаи Созмони Милали Мутаҳид он бо асбобу ашёи хониш таъмин гардидааст.
Директори донишкадаи мазкур Ғарибшо Ғарибшоев гуфт, ки бо ҳидояти Президенти кишвар сол аз сол шароит барои таълиму тарбияи кӯдакони имконияташон маҳдуд бехтар мегардад. Масъулини муассисаҳои таълимӣ низ талош доранд, ки ҳеҷ нафаре аз кудакони дорои имкнияти маҳдуд аз таълиму тарбия дар канор намонанд. Ҳадафи барномаи СММ аз он иборат аст, ки барои кӯдакони имконияташон маҳдуд шароит фароҳам меоранд, то онҳо донишу маҳорати зеҳнии худро боло баранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






