Маросими савгандёдкунӣ дар Омӯзишгоҳи олии сарҳадии КДАМ
Душанбе, 01.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии қасамёдкунии курсантони бахши якум баргузор гардид, ки дар он сардори шуъбаи мудофиа ва ҳуқуқии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ Шараф Файзуллоев , муовини аввали Раис — Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Омӯзишгоҳи олии сарҳадии КДАМ ҶТ Сафаралӣ Назиров ва сардори гурӯҳи мушовирони хадамоти сарҳадии Федератсия Русия дар Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ Монастирский Павел Сергеевич иштирок намуданд.
Дар назди ҳозирин роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳади, меҳмонон, падару модарон ва худи курсантҳо сухан гуфта, ба онҳо бахту иқбол ва дар таҳсили ояндаашон муваффақият орзу намуданд.
Дар хотима курсантҳо дар назди роҳбарият бо марши тантанавӣ гузаштанд.
Ёдрас мешавем, ки дар Қӯшунҳои сарҳадӣ ба ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, омода ва тарбия намудани кадрҳои баландихтисос диққати махсус дода мешавад. Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ — яке аз муассисаҳои таълимии ҳарбие мебошад, ки дар тӯли фаъолияташ садҳо нафар мутаххассиони баландихтисосро омода намудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






