Машварати корӣ дар ҳузури Қоҳир Расулзода
Душанбе, 28.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ машварати корӣ доир гардид.
Тавре ки дар машварат таъкид шуд, дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҳукумати мамлакат вазифадор шудааст, ки вазъи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро дар соҳаҳои алоҳида мавриди баррасию таҳлил қарор дода, оид ба ҷараёни иҷрои онҳо ба роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Дар машварат таваҷҷуҳи асосӣ ба ҷараёни татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ миёни КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд нигаронида шуд.
Сарвазири мамлакат роҳбарони вазорату идораҳои марбутаро вазифадор кард, ки камбудиҳои дар татбиқи ин лоиҳа ҷойдоштаро ҳарчи зудтар бартараф намоянд ва барои сари вақт ба анҷом расонидани ин лоиҳаҳо ба онҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Хотиррасон бояд кард, ки имрӯз дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 83,7 млн. доллари амрикоӣ дар шакли қарзу грантҳо амалӣ гашта истодааст, ки дар доираи татбиқи онҳо то имрӯз ба ҳисоби миёна 37,2 фоизи маблағҳо аз худ карда шудаанд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз ҷараёни азхудкунии маблағҳои грантию қарзии сармоягузорӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ изҳори нигаронӣ намуда, барои ҷоннок намудани корҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ин соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






