Мастӣ ба пастӣ мебарад
Душанбе, 22.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки сокини 41-солаи шаҳри Панҷакент, ки қаблан бо моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, санаи 20-уми сентябри соли равон дар ҳолати мастӣ бо марди 25-солаи сокини ҳамин шаҳр муноқиша карда, бо корд якчанд маротиба ба қисмати тахтапушташ задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Нисбат ба ҳодиса мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






