Мизи гирд дар АИ ҶТ: Натиҷагирӣ аз баромадҳои Президенти кишвар дар Ассамблеяи генералии СММ
Душанбе, 30.09.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Имрӯз дар Академияи илмҳои ҶТ бо иштироки олимони Академия ва пажӯҳишгоҳҳои он мизи гирд баргузор гардид. Масъалаи асосие, ки дар ин нишаст мавриди баррасӣ қарор дода шуд, натиҷагирӣ аз баромадҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафар ва суханронӣ дар Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид буд.
Кароматулло Олимов, ноиби президенти АИ ҶТ аз ҷумла зикр намуд, ки чанд рӯз аст мардуми ҷаҳон ба анҷумани хеле муҳими муосир- Ассамблеяи генералии СММ таваҷҷуҳ намудаанд, ки дар он масъалаҳои муҳими вобаста ба амнияти ҷаҳони муосир мавриди муҳокима қарор гирифтаанд.
«Дар маркази диққати бисёре аз ВАО-и ҷаҳон ва мардуми мо суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, зеро дар суханрониҳояш Ҷаноби Олӣ ба масъалаҳои умдатарини вобаста ба таъмини амният дар ҷаҳон ва ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ диққати махсус дод»,-таъкид дошт К. Олимов.
Бояд зикр намуд, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ аз минбари баланди СММ вобаста ба масъалаи об гуфт: «Дар Осиёи Марказӣ, ки захираҳои об дар он омили калидии таъмини рушди устувори минтақа мебошанд, кайҳост, ки зарурати таҳияи барномаи фарогири минтақавӣ оид ба мутобиқкунӣ ба тағйироти иқлим эҳсос мешавад».
К. Олимов вобаста ба боло рафтани нуфузи Тоҷикистон сухан карда, изҳор дошт, ки имрӯз қувваҳо ва шахсоне ҳастанд, ки мехоҳанд амнияти дохилии кишварро халалдор намоянд. Ҳодисаи 4 сентябр таъкиди ин гуфтаҳост.
«Дирӯз Қарори Суди Олии ҶТ низ дар натиҷаи таҳлил фаъолияи ҲНИТ-ро боздошт ва чандин моддаҳоеро номбар кард, ки амалҳои онҳо хилофи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ будаанд. Тоҷикистон агар пас аз ҳодисаҳои солҳои 90-ум нав қомат рост карда бошад, аз тарафи дигар баъзе қувваҳо мекӯшанд, то ин муваффақиятҳои ба даст омадаро поймол кунанд»,- гуфт К. Олимов.
Дар мизи гирд инчунин дигар олимон баромад намуда, вобаста ба масъалаи болозикр фикру андешаҳояшонро баён доштанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






