Мизи мудаввари Фондҳои арабӣ ва БИР дар Душанбе
Душанбе, 07.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Робитаҳо ва дурнамои ҳамкориҳо доир ба шиносшавии лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон,бунёди иншоотҳои ҷадиди энергетикӣ, раванди ҷалби сармоя ба сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурду миёна ва бузургиқтидор дар Ҷумҳурии Тоҷикитон , рушди соҳаҳои маориф , тандурустӣ , кишоварзӣ , обёрӣ , энергетикӣ , сайёҳӣ ва нақлиёт мавзӯи асосии баррасии мизи мудаввари Фондҳои арабӣ ва Бонки исломии Рушд буд, ки имрўз дар бинои меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси»-и пойтахт баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар намояндаҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт , Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, КВД «Тоҷинвест», Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар муаррифии самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ , баҳодиҳии лоиҳаҳои амалишаванда ва пешниҳодҳо оид ба татбиқи беҳтари онҳо , инчунин таҳкими муносибатҳои дўстона ва шарикӣ арзёбӣ гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






