Молиячиёни кишвар ҷонибдори сулҳу ваҳдати комиланд
Душанбе, 26.09.2015. (АМИТ «Ховар»). -22 сентябри соли равон дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилоти тобеи вазорат оид ба изҳороти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба воқеаҳои охири кишвар маҷлиси умумии кормандон баргузор гардид.
Дар маҷлис матни изҳороти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳодисаҳои аввали моҳи сентябр аз ҷониби муовини якуми вазири молияи кишвар Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон ба маълумоти кормандони вазорат расонида шуда. аз тарафи кормандони Вазорати молия ҳамаҷониба дастгирӣ шуд.
Оид ба изҳороти мазкур муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Х. Ҷонмамадова, сардори Сарраёсати буҷети давлатӣ С.С.Сафаров, сардори Раёсати корҳои дастгоҳи марказии вазорат И.З. Қурбонов, мушовири вазири молия Б.Т. Қобилов ва сармуҳаррири Идораи маҷаллаи «Молия ва ҳисобдорӣ»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон М.М. Шодиева андешаҳои худро оид ба масъалаи муҳокимагардида иброз намуда, зикр намуданд, ки имрӯз Тоҷикистон дар давлатдории худ пояҳои мустаҳкам дошта, бо устуворӣ ба роҳи ҳаёти осуда ва рушду тараққиёт қадам мегузорад.
Муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон изҳор намуд, ки молиячиёни кишвар ҳамчун хизматчии давлатӣ бояд аз дастовардҳои Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини сулҳу субот, ваҳдати комил ва истиқрори сулҳ дар ҷумҳурӣ ва таъмини сиёсати ободониву созандагӣ, рушду тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар назди омма дар маҳалҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.
Дар ин бора аз Раёсати котиботи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






