Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Белорус
Душанбе, 14.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко масоили рушди муносиботи дӯстӣ ва тавсиаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Мо ба мардуми бародари Белорус таваҷҷуҳи самимӣ дорем ва ба дӯстии анъанавии мардумони ду кишвар арҷ мегузорем”.
Эмомалӣ Раҳмон аз муҳтавои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Белорус изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки муносиботи ду кишвар кайҳо боз хислатҳои шарикии стратегиро касб намудаанд. Изҳори бовар карда шуд, ки бо талошҳои муштараки ду ҷониб сатҳи ҳамкории мутақобилан судбахш ба қуллаҳои баланд расонда мешавад
Александр Лукашенко ба заҳматкашӣ ва меҳмоннавозии самимии роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон баҳои баланд дода, аз ҷумла ду ва зиёда ҳосил рӯёндани кишоварзони тоҷикро “дастоварди бузург” номид.
Президенти Белорус ҳамчунин ба тадбирҳои амниятии Тоҷикистон ишора карда, таъкид дошт: “Шумо бо ҷавонмардию ҷасорати беандоза барои нигоҳдорӣ ва таҳкими сулҳу субот ҳамеша мубориза мебаред, то ки мардуми кишвар зиндагии орому осуда ва заҳмати созанда дошта бошанд. Мо дар навбати худ омодаем ҳар кумаке, ки метавонем, ҳар лаҳза ба Шумо расонем”.
Дар идомаи суҳбат барои пешгирӣ аз коҳишёбии минбаъдаи ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, ки тайи ду соли охир ба назар мерасад, фаъолсозии бештари Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ зарур дониста шуд.
Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои агросаноатӣ, мошинсозӣ, нақлиёт, энергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ ва ғайра бояд ҷоннок карда шавад.
Ҷонибҳо ҳамчунин бар зарурати татбиқи босамари Барномаи байнидавлатии рушди ҳамкорӣ барои давраи то соли 2020, роҳандозии робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва паркҳои технологӣ дар Тоҷикистон таъкид доштанд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, Шарқи Наздик ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон ва ҳамкории байналмилалии Тоҷикистону Белорус сурат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






