Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ
Душанбе, 28.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз 28 сентябри соли 2015 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ мулоқот намуд.
«Умедворам, ки саъйю талоши муштараки мо ва тамоми ҷомеаи байналмилалӣ ба таъмини субот, сулҳ ва пешрафти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мусоидат хоҳад кард»-иброз дошт дар оғози суҳбат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо сатҳи кунунии муносибатҳои ду кишварро баланд арзёбӣ намуда, масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Афғонистонро, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисодиёту иҷтимоиёт, энергетика, ҳамлу нақл, маориф баррасӣ карданд.
Таваҷҷуҳи бештар ба татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, омодасозии заминаи бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва хатти барқии баландшиддати CASA-1000 аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон зоҳир гардид.
Дар мулоқот инчунин доир ба масоили амниятӣ, аз ҷумла таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои сарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муборизаи муштарак бо унсурҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтугӯи судманд сурат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






