Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Си Ҷинпин
Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рӯзи 2 сентябр дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди муносиботи ҳамкорӣ ва мавзӯъҳои муҳиму мубрами барои ҳарду ҷониб судманд баррасӣ шуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои даъват ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идона ба муносибати 70-солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ изҳори сипос карда, аз имкони мусоиди имрӯза барои мулоқоту музокирот ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибатҳои неки дӯстию ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ибрози қаноатмандӣ намуд.
“Барои Тоҷикистон Чин иттифоқчии боэътимод ва шарики иқтисодӣ, дӯст ва ҳамсояи нек боқӣ мемонад”, — таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд: “Мо барои таъмиқу тавсеаи ҳамкорӣ бо Чин дар ҳама ҷанбаҳо, ҳам дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби дигар ташкилоту созмонҳои бонуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи ҳамсон дорем”.
Рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай, афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат, тақвияти муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, мусоидати Чин ба рушди бахши энергетикии Тоҷикистон ва афзалият додан ба ҳамкории байниминтақавӣ аз масъалаҳои муҳими мулоқот буд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои қабули даъват ва иродаи иштирок дар паради ҳарбӣ дар шаҳри Пекин ба ифтихори 70 — солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ изҳори миннатдорӣ карда, мулоқоти имрӯзаро як имкони муҳим ва мусоид барои муҳокимаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, инчунин дарёфти роҳҳи нави баҳрабардорӣ аз имкониятҳои мавҷуда арзёбӣ кард.
Си Ҷинпин изҳор дошт, ки Ҳукумати Чин минбаъд низ барои пешрафти Тоҷикистони ҳамсоя саъю талош меварзад. Аз ҷумла зикр гардид, ки ҷониби Чин кӯшиш ба харҷ медиҳад то бунёди камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим бо татбиқи 3 ҳадафи стратегии Тоҷикистон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ – ҳамоҳангу ҳамқадам бошад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум ва роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Си Ҷинпин ҳамчунин ба меваи хушки Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, изҳори бовар намуд, ки ба ин ва дигар маҳсулоти Тоҷикистон дар бозорҳои Чин майдони фарох боз мегардад.
Раиси Чин изҳор дошт, ки кишвараш ба созмон додани минтақаи озоди иқтисодии Чин ва Тоҷикистон омода аст.
Аз ҷараёни татбиқи санадҳои қаблан баимзорасида ва натиҷаҳои муфиди мулоқоту музокирот дар сатҳи сарони давлатҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаи таъмини амнияти минтақа, ҳамкорӣ барои пурзӯр кардани назорат дар сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон ва андешидани чораҳои муштарак оид ба коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
Пас аз анҷоми музокирот 3 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид:
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳияи Барномаи чаҳорчубавии ҳамкорӣ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи техникӣ-иқтисодӣ;
Барномаи табодули фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин.
Худи ҳамин рӯз дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду санади дигар — Созишнома байни Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон Амонатбонк ва Бонки рушди Хитой ва Созишномаи ҳамкории вилояти Хатлони Тоҷикистон ва музофоти Хэнани Чин доир ба сохтмони комплекси агросаноатӣ ба имзо расид.








Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз гардид






