Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Губернатори музофоти Хэнани Чин
Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рӯзи 2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Губернатори музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Сие Фу Ҷанро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили рушди ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон бо ин музофоти Чин дар самти рушди бахши агросаноатӣ баррасӣ шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз дошт, ки бо таваҷҷуҳ ба имконоти васеи ин музофот барои воридоти технологияи муосир, бунёди корхонаи коркарди нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон, дастрасии заҳрхимикатҳо барои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар таҷҳизот барои коркарди маҳсулот ба Тоҷикистон ҳамкориҳоро густариш медиҳанд.
Губернатори музофоти Хэнан аз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард, ки барои шиносоии наздик аз имконоту дастовардҳои сокинони музофот ва таҷрибаи пешқадами онҳо бо сафари корӣ ташриф оранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






