Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Губернатори музофоти Хэнани Чин

Сентябрь 2, 2015 10:46

Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рӯзи 2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Губернатори музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин  Сие Фу Ҷанро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили рушди ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон бо ин музофоти Чин дар самти рушди бахши агросаноатӣ баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз дошт, ки бо таваҷҷуҳ ба имконоти васеи ин музофот барои воридоти технологияи муосир, бунёди корхонаи коркарди нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон, дастрасии заҳрхимикатҳо барои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар таҷҳизот барои коркарди маҳсулот ба Тоҷикистон ҳамкориҳоро густариш медиҳанд.

Губернатори музофоти Хэнан аз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард, ки барои шиносоии наздик аз имконоту дастовардҳои сокинони музофот ва таҷрибаи пешқадами онҳо бо сафари корӣ ташриф оранд.

Сентябрь 2, 2015 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд