Мурғоб:12 хонаи навсохт ба соҳибонаш супорида шуд

Сентябрь 17, 2015 10:19

Хоруғ, 17.09.2015 (АМИТ   «Ховар»,).- Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ва раиси вилояти Бадахшон Шодихон Ҷамшед  дар деҳаи Рангкӯли ҷамоати деҳоти Рангкӯли  ноҳияи Мурғоб  12 хонаи истиқоматии навсохтро ба соҳибонашон супориданд.
Ёдрас мешавем, ки дар натиҷаи офати табиии моҳҳои июл-августи соли равон дар ин деҳа 12 хонаи истиқоматӣ пурра хароб ва 21 хона қисман зарар диданд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 1,5 моҳ  пурра навсозӣ гардида, ба зарардидагон супорида шуданд.  Хонаҳои истиқоматӣ барои зарардидагони офати табиӣ дар ин ноҳия бо тамоми ҷиҳози зарурӣ  таъмин шудаанд. Ҳамчунин ҳамарӯза  аз ҷониби сокинони кишвар ва Агентии  захираҳои моддии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои зарардидагони офат маводи ниёзи аввал расонида мешавад.
Ҷамоати мазкур деҳаи наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати Чин мебошад, ки аз се деҳа- Рангкӯл- маркази ҷамоат, Чичикдеҳ ва Субаши иборат мебошад ва наздик ба 1600 нафар аҳолӣ дорад.

 

Сентябрь 17, 2015 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд