Мусобиқаи теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Тоҷикистон»
Душанбе, 16.09.2015.(АМИТ «Ховар»).-Рўзҳои 7-8-уми сентябри соли ҷорӣ дар майдончаи навбунёди корти тенниси шаҳри Душанбе машварат оид ба тенниси калон доир гардид. Мақсад аз баргузории машварат омодагии тими наврасони Тоҷикистон ба мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Тоҷикистон» буд. Дар машварат мураббиёну доварон бори дигар ба наврасон нозукиҳои ин риштаи варзишро аз тариқи дарсҳои назариявию амалӣ пешкаш намуданд. Ҳамчунин аз 10 то 18-уми сентябр бо иштироки 12 варзишгар ва 4 мураббӣ машқҳои таълимию-варзишӣ дар ин майдонча ҷараён мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки аз 19 то 24-уми сентябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Тоҷикистон» доир мегардад. Дар мусобиқа теннисбозони кишварҳои Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Украина ва Тоҷикистон ширкат меварзанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






