Мусобиқаи теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Тоҷикистон»
Душанбе, 11.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Аз 19 то 24 сентябри соли равон дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти “Ҷоми Президенти Тоҷикистон” баргузор мешавад.
Дар назар аст, ки дар ин мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарон аз кишварҳои Арманистон, Туркманистон, Қазоқистон, Украина, Эрон ва дигар кишварҳо иштирок намоянд.
Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, ин 6-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис мебошад, ки теннисбозони наврас барои ба даст овардани «Ҷоми Президенти Тоҷикистон» миёни худ рақобат мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки “Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис” аз соли 2005 таъсис ёфта, дар байни варзишгарони наврас гузаронида мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






