Намоиши ду филми кӯтоҳ дар ДДФСТ
Душанбе, 29.09.2015. (АМИТ «Ховар», Таҳминаи Худоёр).-Имрӯз дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон (ДДФСТ) ба номи Мирзо Турсунзода нахустнамоиши ду филми кӯтоҳ- «Хобидан мехоҳам», мазмун аз ҳикояти А.П.Чехов ва «Гули бахт» бо ташаббуси роҳбари бадеӣ Юнус Юсупов ва бо дастгирии директори Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» доир гардид, ки дар он устодону донишҷӯёни донишкада ва меҳмонон ширкат варзиданд. Нахустнамоиши ду филм «Хобидан мехоҳам» ва «Гули Бахт» кори таълимии донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Фотима Раҳимова ва Ҳусейн Азизов буда, нақши асосиро дар филми «Хобидан мехоҳам» -духтараки хурдсол Омина ва дар филми дуюм «Гули бахт» Мариана Баракбаева ва Соро Сабзалиева иҷро намуданд.
Дар аввалин филмҳои таълимии донишҷӯёни донишкада масъалаҳои муҳим ва мушкили иҷтимоӣ баррасӣ гардиданд. Дар филми «Хобидан мехоҳам» мушкилоти муҳоҷирон дар ҷомеа ва дар филми «Гули бахт» масъалаи ба зиндагии мустақилона дер қадам мондани духтарон нишон дода шуд. Филмҳои мазкур бо таклифу пешниҳодҳо ва саволҳои иштирокдорон ба иҷрокунандагони нақшҳои асосӣ анҷом ёфтанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






