Нишасти матбуотии Мубин Эргашев ва Ангелос Постекоглу
Душанбе, 06.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Пагоҳ 7-уми сентябр соати 11 дар меҳмонхонаи «Хаятт Риҷенси» бо иштироки сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Мубин Эргашев ва сармураббии дастаи мунтахаби футболи Австралия Ангелос Постекоглу барои намояндагони расонаҳои иттилоотӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Хотиррасон мекунем, ки дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии навбатии худро барои дарёфти роҳхат ба Мусобиқоти ҷаҳонӣ оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Австралия рӯзи 8-уми сентябр дар варзишгоҳи марказӣ баргузор мекунад. Ҳоло дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо як имтиёз дар ҷойи 4-ум қарор дорад ва дар сурати ғалаба бар Австралия имконияти худро барои дарёфти яке аз роҳхатҳо беҳтар хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






