ҲНИТ мехост бо роҳи зӯрӣ ҳокимият ба даст орад
Душанбе, 19.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — ҲНИТ тайи чандин даҳсола барои ба даст овардани ҳокимият мубориза мебарад. Ин ҳизб зери номи муқаддаси «ислом» паноҳ бурда, бо макру ҳила аҳолиро ба сафҳои худ ҷалб мекард. Ба ҲНИТ шахсоне аъзо шуда буданд, ки аз донишҳои дунявӣ бехабар буданд, ҳатто баъзеашон хату саводи кофӣ надоштанд. ҲНИТ тавонист шаҳрвандонеро, ки дини мубини исломро аз ҷонашон ҳам авлотар медонистанд, ба ҷониби худ ҷалб кунад. Аммо аз Изҳороти расмии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо далелу бурҳонҳо асоснок шудааст, маълум гардид, ки ба гурӯҳи мутташаккили ҷиноятпешаи собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим дастуру супоришҳоро бевосита Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ медодааст. Яъне, ҲНИТ бо ин гурӯҳи террористӣ алоқа доштааст. Аз ин рӯ, маълум мегардад, ки мақсади асосии ҲНИТ ба даст овардани ҳокимияти давлатӣ бо роҳи зӯроварӣ, бо истифодаи силоҳ ва ҷорӣ кардани тарсу ваҳшат будааст. Дар банди 2 моддаи 8-и Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст». Аз ин рӯ, қатъ кардани фаъолияти ҲНИТ аз тарафи мақомоти қудратии кишвар саривақтӣ аст, чунки фаъолияти он метавонад боиси даъват шудани аҳолӣ ба ҷанг дар ояндаи наздик гардад.
Дар аксари мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар кишварҳои ҳамсоя фаъолияти ҳизбҳои хислати динӣ дошта иҷозат дода нашудааст.
Тибқи принсипи ногузирии ҷавобгарии ҷиноятӣ бояд ҳар як шахси ба ин гурӯҳи ҷиноятпеша шомилшуда, ки мақсадаш вайрон намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ аст, ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Аксари ҷавонони мо ҷанги шаҳрвандиро надидаанд ва дар мафкураи онҳо ҷой додани ақидаҳои ифротгароёна имконпазир аст. Аз ин рӯ, мо аҳли зиёро зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи эҳтиром ва риояи Конститутсия ва қонунҳо, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, хусусан ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷовидонӣ тарбият намоем.
С. Раҷабов, — мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ
Ф. Ҷабборов, — ходими хурди илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






