ҲНИТ ҷонибдори оромии Тоҷикистон аст?
Душанбе, 12.09.2015. (АМИТ “Ховар”). — Ман раиси ҷамъияти гурезагони Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Асадулло Вахоч аз соли 2000-ум инҷониб ба ҳайси гуреза дар Тоҷикистон кор ва зиндагӣ мекунам. Қайд кардан зарур аст, ки дар шаҳри Душанбе зиёда аз 4000 гурезагони афғон истиқомат дошта, ба фаъолияти тиҷоратӣ, сохтмонӣ, соҳаҳои хизматрасонӣ ва фарҳангӣ машғул мебошанд. Мо, афғонҳои шаҳри Душанбе ва умуман Тоҷикистон албатта мехоҳем, ки дар Ватани худ кору зиндагӣ кунем. Вале аз сабаби нооромӣ, бесуботӣ ва ҷангу хунрезиҳои доимӣ дар хоки Афғонистон, наметавонем, ки ба Ватани худ баргашта озодона фаъолият намоем. Гарчанде Тоҷикистонро Ватани дуюми худ дониста ба ин кишвар меҳру муҳаббат дошта бошем ҳам, лекин ватан — ватан аст. Мо мехоҳем дар замини аҷдодии худ ҳамроҳи фарзандон, хешу таборон, дустон ва ёру рафиқон умр ба сар барем. Аммо, аз тарси ҷони худ ва ноором будани вазъияти ҷамъиятию сиёсии Афғонистон мо дар Тоҷикистон зиндагиро ихтиёр кардем.
Ба ростӣ аз воқеаҳои рӯзҳои охир рухдодаи Тоҷикистон мо хеле дар шигифт афтода, ранҷидахотир гардидем. Ранҷидахотирии мо пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки мабодо худое нахоста дар Тоҷикистон агар нооромӣ шавад, мо боз ба куҷо меравем. Ризқу рузии худро чи гуна дарёфт мекунем ва ғайра.
Аз матбуоти даврӣ дарёфтем, ки сабабгори сар задани воқеаҳои нохуши Тоҷикистон собиқ муовини вазири дифоъ, аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон генерал Назарзода Абдуҳалим будааст. Бинобар он, мо фаъолони Ҷамъият махсусан ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон муроҷиат карда гуфтанем, ки ба қадри ин тинҷию оромии Тоҷикистон расидан лозим аст. Шумо бародарони наҳзатӣ дар Афғонистон будед, вазъияти он ҷоро хуб медонед, чаро дидаю дониста суботу оромии Тоҷикистонро пазироӣ намекунед?! Бо гуфтаҳо ва афкору андешаҳои ғаразноки худ дар байни мардум низоъ меандозед, динситезӣ ва аз номи дини Ислом баромад намуда, байни мардум тафриқа меандозед. Ба Шумо як мисол меорам, дар Афғонистони мо мардум барои ба масҷид, бозор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ рафтан метарсанд, дили мардум доимо дар ҳарос аст. Аз он дар ҳарос ҳастанд, ки мабодо таркише дар ин ҷойҳо рух надиҳад.
Агар аҳдоф ва мақсади ҲНИТ бунёду пешрафти ҷомеа, мардумсолорӣ, шоистасолорӣ ва каромати инсонӣ бошад, барои чӣ дар ҷиҳати пешрафтҳо ва иқдомоти Ҳукумати Тоҷикистон садди роҳ мешавад?!
Ман, худам собиқ генерал-лейтенанти артиши Афғонистон буда, солҳои 80-уми асри гузашта дар давраи ҳокимияти Наҷибуллоҳ хизмат намудаам. Медонам, ки фаъолияти ҳарбӣ чи гуна масъулиятро нисбат ба ватан, миллат, давлату давлатдорӣ талаб менамояд. Аз ҳамин лиҳоз, ба генерали исёнгар – муовини вазири дифоъи Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим гуфтаниям, ки рутбаи генералиро барои он медиҳанд, ки аз халқу ватан ва давлату миллати худ ҳимоя намоӣ, на ин ки силоҳ ба даст гирифта, ба муқаддасоти номбурда хиёнатро раво бинӣ.
Раиси Маҷмааи “Ориёно” ва гурезагони афғон
Доктор Асадулло Вахоч








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






