Номаи шодбошии Оғохон ба Президенти Тоҷикистон
Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»).
Ҷаноби Олӣ,
Ба муносибати солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ман ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, Ҳукумати Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон самимонатарин табрикоту шодбошиҳои худро иброз медорам.
Шумо, Ҷаноби Олӣ, аз икдоми дарозмуддати Имомати Исмоилия ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар амалӣ намудани маромҳои мардуми Тоҷикистон ва роҳбарияти он дар роҳи рушди иҷтимоӣ ва икишофи босуръати иқтисодӣ хуб огаҳӣ доред. Мо кӯшишҳои худро дар оянда низ давом хоҳем дод ва дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон бобати некӯаҳволии тамоми мардуми тоҷик тақвият хоҳем бахшид.
Ман умедворам, ки ба зудӣ бори дигар имконияти боздид аз Тоҷикистон муҳайё мешавад ва бо Шумо, Ҷаноби Олӣ аз пешравии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки сохтмонаш аз рӯи нақша идома дорад ва татбиқи лоиҳаҳои дигари Ташкилоти Огохон оид ба рушд дар кишвар воқиф шавам.
Дар ин рӯзи фараҳбахши иди миллӣ ман барои сулҳу субот ва шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуоҳо мефиристам ва ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, орзуҳои накӯи бародарона ва эҳтироми бепоёни худро иброз медорам.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






