Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»).
Ҷаноби Президент,
Солгарди Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо ва тамоми мардуми кишваратон шахсан аз номи худам ва тамоми ҳамватанонам табрик мегӯям.
Аз лаҳзаи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кишварҳоямон дар риштаҳои гуногун муносибатҳои зуд рушдкунанда ва эътимодбахш ба роҳ монда шудааст. Тоҷикистон барои Олмон дар Осиёи Марказӣ шарики муҳим ба шумор меравад. Дар оянда ҳам мо мехоҳем кишвари Шуморо дар роҳи идомаи ташаккули сохторҳои демократия, давлати ҳуқуқбунёд ва низоми бозорӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намоем. Итминон дорам, ки чунин роҳи рушд барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба бар нафъи ҳар ду кишвар зербинои олӣ хоҳад буд.
Ба Шумо некӯаҳволӣ ва тансиҳатии комил орзу намуда, ба мардуми Тоҷикистон, сулҳу озодӣ ва некӯаҳволиро таманно дорам.
Йоахим Гаук
Президенти Ҷумҳурии Федералии Олмон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






