Номаи шодбошии Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»).
Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович,
Шуморо бо ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлолият табрик мегӯям.
Қайд менамоям, ки дар солҳои охир кишвари Шумо ба муваффақиятҳои назаррас дар ҳалли масоили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардид.
Муносиботи Тоҷикистону Русия дар руҳияи шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ босуръат рушд мекунад. Ҳамкории мо дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, СААД, СҲШ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба самараи хуб медиҳад.
Мутмаинам, ки таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳама самтҳо ба манфиатҳои аслии ду халқ ҷавобгӯянд. Бори дигар таъкид мекунам – Русия саъю кӯшишҳои роҳбарияти Тоҷикистонро барои таъмини субот ва амнияти минтақа, пешгирӣ намудан аз кӯшишҳои нооромсозии вазъият дар ҷумҳурӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович саломатии бардавом, бурдборию муваффақиятҳо ва ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони дӯст сулҳу шукуфоӣ таманно дорам.
В.Путин








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






