Оғози ҳафтаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон
Душанбе, 28.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар Маркази фарҳангии «Бохтариён» оид ба оғози Ҳафтаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон конфронс доир гардид. Дар конфронси мазкур намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, намояндагони сафоратҳои Фаронса, Олмон ва Британияи Кабир ширкат намуданд. Дар конфронс дар мавриди шиносо кардани мардуми Тоҷикистон бо арзишҳои фарҳангии Аврупо ва мустаҳкам кардани арзишҳои фарҳангии Тоҷикистону Аврупо ибрози назар карда шуд.
Маросими ифтитоҳи Ҳафтаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон 12 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ин чорабинӣ аз 12 то 18 октябр доир шуда, мақсади он шиносоии бештари мардуми Точикистон бо таъриху фарҳанг ва тамаддуни Иттиҳоди Аврупо мебошад.
Ҳафтаи Иттиҳоди Аврупо 18-уми октябр дар Театри драмавии ба номи Вл. Маяковскийи пойтахт ҷамъбаст мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






