Оғози фаъолияти Корхонаи сементбарории ҶДММ «Тоҷ-Чайна-2013»
Душанбе, 06.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Худи ҳамин рӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба оғози фаъолияти Корхонаи сементбарории Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Тоҷ-Чайна-2013» асос гузошт.
Мавриди зикр аст, ки моҳи январи соли 2013 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои оғози корҳои сохтмонӣ дар ин корхона санги асос гузошта буд.
Корхонаи сементбарории «Тоҷ-Чайна-2013» аз тарафи ширкати Ёқут — 2000 бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд карда шуд. Иқтидори истеҳсоли солонаи он 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент буда, дар як баст 400 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуд.
Баробари ба кор оғоз кардани навбати дуюми корхона боз 400 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад.
Дар ин корхона сементи навъи 500 ва 600 истеҳсол мегардад, ки дар бозори дохил ва хориҷи кишвар харидорони бешумор дошта, дар сохтмони тамоми намуди иншоот, аз ҷумла иншооти бузурги саноатӣ ва гидротехникию гидроэнергетикӣ низ васеъ истифода мешавад.
Акнун баъди ифтитоҳи корхонаи Тоҷчайна — 2013 иқтидори истеҳсолии корхонаҳои сементбарории мамлакат афзун гардид ва воридоти ин маводи сохтмонӣ аз хориҷ коҳиш ёфта, нархи он низ поён рафт.
Баъди ифтитоҳи корхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ширкат супориш дод, ки мутахассисони маҳаллӣ барои фаъолият дар ин ҷо омӯзонида шуда, 99 фоизи онҳо аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ бо кор ҷалб карда шавад.
Баъди ифтитоҳи корхона дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди коргарону мутахассисон суханронӣ намуда, оғози фаъолияти ин коргоҳи саноатиро табрик намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






