Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат

Сентябрь 6, 2015 02:39

Душанбе, 06.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум,  ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоию саноатӣ ва оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар як зумра иншооти дигар ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.

Дар даромадгоҳи шаҳри Ваҳдат сокинони он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтироми хоса ва гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Боздид аз шаҳри Ваҳдат бо ифтитоҳи роҳи мошингарди шоҳроҳи Ваҳдат – Файзобод, ки ба тозагӣ навсозӣ шудааст, оғоз ёфт.

Хотиррасон бояд намуд, ки ин шоҳроҳ дар маркази    шаҳри Ваҳдат аз кӯчаи Сомониён мегузарад ва ҳаракат дар он то ин вақт яктарафа буд. Кунун пас аз навсозии куллӣ, ки тибқи дастури Президенти мамлакат сурат гирифтааст, ин роҳ бо 4 хати ҳаракат дутарафа шуд. То ин вақт ба самти муқобил мошинҳо аз кӯчаи дигар мегузаштанд. Масофаи умумии роҳи навсозӣ ва васеъшуда 1300 метрро ташкил медиҳад. Барои анҷом додани ин кор аз буҷети шаҳр 4 миллиону 800 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.

Умуман, тӯли ду соли охир аз буҷети шаҳр барои таъмиру мумфарш кардани роҳҳои маҳаллӣ, чароғон кардани кӯчаҳои марказии шаҳр ва дигар тадбирҳои ободонӣ зиёда аз 12 миллиону 100 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.

То кушодашавии роҳи дутарафаи ҳаракати нақлиёт  тамбашавии мошинҳо дар роҳи кӯчаи Фирдавсии шаҳри Ваҳдат ба амал меомад, ки барои ронандагон ва роҳгузарҳо монеаҳо эҷод мекард.

Инак, навсозии роҳу кӯчаҳои ҳудуди шаҳр ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардондани онҳо боиси куллан беҳтар шудани рафтуомади сокинони шаҳри Ваҳдат ба пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мегардад.

Сентябрь 6, 2015 02:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд