Оғози сохтмони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат
Душанбе, 06.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат оғоз бахшид.
Бино аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, бо харҷи 30 миллион сомонӣ аз ҷониби пудратчӣ Корхонаи давлатии сохтмонии рақами 2 — и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ сохта мешавад.
Иншооти мазкур дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳр бунёд шуда, ба ғайр аз бинои асосӣ дар ҳудуди иншоот нуқтаи гузаргоҳ, таваққуфгоҳ барои мошинҳои кормандон, майдончаи варзишӣ пешбинӣ шудааст.
Дар таҳхонаи ин бино ошхона барои 55 нафар бо ошпазхона, толори варзиши бадан, ҳаммом, анборхона ва дигар утоқҳои зарурӣ бунёд мешавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои иҷрои корҳои босифат бодарназардошти тамоми меъёрҳо ва шароити корӣ дастуру ҳидоятҳо дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






