Оғози тантанаҳои марказии ҷумҳуриявӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Душанбе, 01.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ташриф оварда, бинои нави онро, ки бо тарҳи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд ва бо навтарин таҷҳизоти замонавии таълимӣ муҷаҳҳаз шудааст, ифтитоҳ намуд. Тантанаҳои марказии ҷумҳуриявии Рӯзи дониш имсол дар ин донишгоҳ доир шуда, ҷараёни он мустақиман тавассути тамоми шабакаҳои ҷумҳуриявӣ пахш мегардад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин макони илму маърифат ба устодону шогирдони донишгоҳ дарси сулҳ гузашта, бо онҳо мулоқоти судманд анҷом хоҳад дод.
Маврид ба зикр аст, ки аз таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 70 сол пур шуда, шаҳри Кӯлоб, ки яке аз марказҳои асосии илму фарҳанги миллати тоҷик аст, дар тӯли ин 70 сол бори аввал соҳиби чунин як боргоҳи таълимии хуштарҳу замонавӣ гашт, ки дорои тамоми шароит барои таълиму тарбия мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






