Оғози зарбаҳои ҳавоии ҳавопаймоҳои Русия ба ДИ дар Сурия
Душанбе, 30.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҳавопаймоҳои Неруҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия имрӯз амалиёти ҳавоии зарбазанӣ ба қароргоҳҳои террористони гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар қаламрави Сурияро оғоз карданд.
Тавре намояндаи расмии Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия генерал-майор Игор Конашенков ба ВАО иттилоъ дод, мутобиқи қарори Сарфармондеҳи олии Неруҳои мусаллаҳи ФР Владимир Путин ҳавопаймоҳои Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия имрӯз дар қаламрави Сурия амалиётро бо мақсади зарба задан ба қароргоҳ, махфигоҳи аслиҳаву техника ва дигар лавозимоти ҷангии террористони гурӯҳи «Давлати исломӣ» оғоз намуданд.
Конашенков ҳамчунин иттилоъ дод, ки вазири мудофиаи Русия генерал-армия Сергей Шойгу ба ҳамтоёни худ аз СААД доир ба он, ки дар раванди амалиёт ҳавопаймоҳои Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия дар Сурия ба техникаи ҳарбӣ, воситаҳои алоқа, воситаҳои нақлиёт, анборҳои силоҳ ва дигар лавозимоти ҷангии мутаалиқ ба террористони ДИ зарба мезананд, маълумот дод.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Русия Владимир Путин барои истифодаи нерӯҳои ҳарбии ин кишвар дар хориҷа ба Шӯрои федеролӣ муроҷиат кард. Шӯрои федералӣ бо қарори худ ба истифодаи НҲ ФР дар хориҷа иҷозат дод.
Роҳбари дастгоҳи Кремл Сергей Иванов ба журналистон иттилоъ дод, ки Президенти Сурия Башор Асад ба Федератсия Русия барои расонидани кумаки низомӣ муроҷиат кардааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






